# Нусхаи тоҷикӣ
###### [Выберите ваш язык (Русский)](/@SnosWobniar/rkeZa8fGd)
###### [Select your language (English)](/@SnosWobniar/Hy7T-vzf_)
###### [Забони худро интихоб кунед (тоҷикӣ)](/@SnosWobniar/HydT-PfzO)
###### [Tilingizni tanlang (o'zbek)](/@SnosWobniar/rJ96WDMMu)
###### [Өз тилиңизди тандаңыз (кыргызча)](/@SnosWobniar/BJ6a-wMfu)
###### [Chọn ngôn ngữ của bạn (tiếng Việt)](/@SnosWobniar/BJWAWPMG_)
###### [选择您的语言(中文)](/@SnosWobniar/S14CZwzMd)
###### [Seleccione su idioma (español)](/@SnosWobniar/HJsAWPfzu)
###### [زبان خود را انتخاب کنید (فارسی))](/@SnosWobniar/H1CR-PMfu)
###### [اختر لغتك (العربية)](/@SnosWobniar/SyRkMPGfu)
## Мундариҷа
1. [Муқаддима](#Introduction)
1. [Забони русӣ](#RussianLanguage)
1. [Маълумот барои тамос](#ContactDetails)
1. [Алоқа](#Feedback)
##  Муқаддима
Дӯстони азиз! :smiley:
Мо хурсандем, ки ҳам хурдсолон ва ҳам калонсолонро ба ==Маркази "Матетес"== даъват менамоем.
Мо як гурӯҳи ихтиёриёни ҳамфикр ҳастем.
Шуморо даъват менамоем, ки ба забон ва адабиёти бузург, зебо ва пурмазмуни рус даст занед!
Мо дониш ==математика== ва ==физика==, ==химия== ва ==биология==, ==таърих== ва ==табиатшиносӣ== ва инчунин илмҳои гуногунро дар раванди таълимӣ меомӯзем.
Мо - бо забони ==англисӣ== (англисӣ ва амрикоӣ) сухан меронем ва таълим медиҳем!
Мо ҳамеша омодаем ба фарзандони ==хурдсол ва миёнасоли== шумо барои азхуд кардани барномаи таълимӣ, васеъ кардани дониш ва малакаи онҳо кӯмак расонем!
Мо шахсони ташаббускорем, ки дар сайқал додани дониш, машварат дар омода намудани ==вазифаи хонагӣ== доир ба ҳамаи фанҳои мактабӣ кӯмак расонем!
Мо - ин фаъолиятро ==ройгон== ва ==озод== анҷом медиҳем, зеро мо вазифаи худ медонем ва омодаем таҷриба, дониш ва малакаи касбии худро ба ҳар як ниёзманд, новобаста аз вазъи иҷтимоияш дастрас намоем!
Мо дар назди ==MCC Koptevo== ҷойгирем ва инчунин, ба таври ==Online== низ дарс мегӯем!
Агар шумо ба маркази мо эҳтиёҷ дошта бошед, ё дар бораи ташкил ва баргузор намудани дарсҳо саволе дошта бошед, [бо мо дар тамос шавед](#ContactDetails).
Мо ҳамеша омодаем ба ҳама саволҳои шумо посух диҳем!
Мо шуморо дар маркази худ интизорем!

##  забони русӣ
Дӯстони азиз!
Оё шумо забони русиро мисли мо дӯст медоред?
Оё шумо забони русиро ба таври кофӣ мефаҳмед?
Оё шумо бо забони русӣ ҳарф мезанед, то дигарон шуморо фаҳманд?
Оё шумо фикратонро озодона бо забони русӣ баён кардан метавонед?
Аммо муҳимаш ин аст: шумо мехоҳед бо забони русӣ муошират кунед? Агар ҷавоби шумо мусбӣ бошад, пас мо шуморо дар Маркази =="Матетес"== мунтазирем.
Мо забони ==русиро== ба шумо таълим дода, сайқал медиҳем.
Мо дар фазои орому дӯстона таҳсилро бо усули муошират, муҳокима ва баёни фикр дар навишт баргузор менамоем.
Ҳамаи ихтиёркорони мо, илова бар дониши кофии илмӣ, сифатҳои беназири инсонӣ доранд, ки барои шумо шароити бароҳат фароҳам меоранд.
Ҳама дарсҳо комилан беназиранд ва ==комилан ройгонанд==!
Лутфан, [бо мо дар тамос шавед](#ContactDetails) ва мо вақти мувофиқ ва омӯзгори беҳтаринро бароятно муҳайё намоем!

##  Маълумот барои тамос
Тел. +7 977 891 30 22
Почтаи электронӣ: info.mathetes@gmail.com
Инчунин моро дар шабакаҳои мазкур дарёфт кунед:
[](https://t.me/mathetescenter) [](https://vk.com/public203645895) [](https://ok.ru/profile/581575438037)
Мо дар суроғаи Москва, кӯч. Коптевская 30а, 125239 ҷойгирем

##  Алоқа
Лутфан аз шумо хоҳиш дорем, [пурсиши моро гузаред](https://forms.gle/zD5o9RtrrPcvmen8A).
Ё аз дӯстони худ хоҳиш кунед, ки ин рамзи QR-ро скан кунанд ва пурсиши моро гузаранд. Мунтазири посухи шумоем!
[](https://forms.gle/zD5o9RtrrPcvmen8A)